РАДИФИ МАСНӮИ ЧИНӢ БА СӮИ СИТОРАИ МИРРИХ ПАРВОЗ МЕКУНАД
Пекин, 29 май. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС ). — Мутахассисони Маркази таҳқиқоти фазои кайҳони Чин нимаи дуюми соли равон радифи маснӯъро барои таҳқиқоти ситораи Миррих ба фазо сар медиҳанд. Радифи маснӯи чинӣ «Фобос-грунт» ном дошта, тавассути ракетаи барандаи Русия ба мадори назди Замин бароварда хоҳад шуд. Радифи маснӯъ баъди ин мустақилона парвоз карда, дар давоми 11 моҳ масофаи 350 миллион километрро тай мекунад. Радифи маснӯъ дар мадори ситораи Миррих як сол парвоз мекунад. Дар ин муддат сатҳи ситора ба навор гирифта, хати ҳаракати яке аз радифони он муайян карда мешавад. Аксҳои радифи маснӯъ аз нимаи дуюми соли 2010 сар карда, ба Замин дода мешаванд. Хабар дода мешавад, ки Кумитаи давлатии мудофиа, илм, техника ва саноати Чин моҳи марти соли 2007 нақшаи панҷсолаи ҳамкориро дар соҳаи тадқиқоти фазои кайҳон тартиб дода буд. Тибқи нақшаи мазкур, Чин дар ин масъала бо Русия ҳамкорӣ мекунад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






