РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДОНИШҶӮЁНРО ДАР ДАСТГОҲАШ МЕОМӮЗАД
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 12 май раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон дар вилояти Суғд мулоқот намуда, дар ҷараёни он изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташкили Ҳафтаи худидоракунӣ ҷалби ҷавонон ба корҳои давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон буда, барои аз наздик ошно кардани онон ба низоми давлатдорӣ мусоидат хоҳад намуд. «Дар вазифаи мухталифи давлатӣ фаъолият намуда, шумо — ҷавонон аз масъулияти роҳбарон огоҳӣ пайдо мекунед ва бовар дорам, ки таҷрибаи тӯли ин муддат ҳосил кардаатон дар оянда бароятон муфид хоҳад буд», — гуфт Қоҳир Расулзода. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баргузории Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон тибқи қарори раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани «Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» аз 12 то 19 май сурат мегирад. Дар ин давра донишҷӯён дар раёсату шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият карда, бо тарзи ҷараёни кор дар ин мақоми давлатӣ ошно мегарданд.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






