СААД СОЗМОНҲОИ НАВИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ИФРОТИРО БА ҚАЙД ГИРИФТ
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 7 май дар шаҳри Маскав машварати муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, молия ва котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба ташкилу фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиёни машварат ҳуҷҷатҳоро дар бораи самтҳои асосии фаъолияти давлатҳои ИДМ дар масъалаи ташкили системаи вокуниши дастаҷамъӣ дар мавриди рух додани вазъияти фавқулодда, таъминоти фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ва ғайраро муҳокима карданд. Қувваҳои мазкур аз ҳисоби буҷети давлатҳое ташкил карда хоҳад шуд, ки ҷузъу томҳояшонро ба ҳайати он шомил менамоянд. Русия Қувваҳои мазкурро бо навъҳои навтарини аслиҳа ва техника таъмин менамояд. Вазифаҳои онҳо бартараф сохтани муноқишаҳои мусаллаҳона, аз ҷумла, дар минтақаи сарҳад, гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷинояти муташаккилона, инчунин бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ мебошанд. Ҳуҷҷатҳои мазкур дар маҷлиси махсуси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон моҳи июни соли равон мувофиқа карда хоҳанд шуд. Ҳуҷҷатҳои ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ соли 2010 дар маҷлиси сарони давлатҳои аъзои созмон муҳокима ва тасдиқ карда мешаванд. Тибқи нақша машқи нахустини ҷузъу томҳои Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ моҳҳои августу сентябри соли равон дар маҳалҳои наздисарҳадии Русия ва Қазоқистон гузаронида мешавад. Хабар дода мешавад, ки дар маҷлиси СААД, инчунин, созмонҳо ва ҷунбишҳои нави террористию ифротӣ ба қайд гирифта шуданд. Онҳо созмонҳои террористии «Бозгурд», «Бародарони мусулмон», «Ҷунбиши Толибон», «Созмони Алқаёда», «Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷамоати муҷоҳидон», «Ҷамоати муҳоҳидони Осиёи Марказӣ» ва «Нурҷулар» мебошанд. Айни ҳол ба рӯйхати созмонҳои террористии дар СААД бақайдгирифташуда 31 созмон дохил карда шудааст.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






