САФАРИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БА ДИМИШҚ
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз, 22 май вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо боздиди расмӣ дар Мамлакати Арабистони Саудӣ қарор дошт, ба пойтахти Ҷумҳурии Сурияи Араб — шаҳри Димишқ рафт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 36-и Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ, ки 23-25 май дар Димишқ баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҳ. Зарифӣ дар доираи иштирокаш дар ин чорабинии муҳим бо ҳамтоёни худ мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки вохӯриҳои ӯ бо мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Сурияи Араб баргузор гардад.