Ш. РАҲИМЗОДА: «ҚУРБИ ДОЛЛАР ДИГАР БОЛО НАМЕРАВАД»

Май 26, 2009 14:20

                        Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба дараҷаи ниҳоии худ расида, афзоиши минбаъдаи он пешгирӣ карда хоҳад шуд, — гуфт имрӯз, 26 май зимни нисти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.                         Ӯ афзуд, ки то кунун поёнравии қурби пули миллӣ — сомонӣ аз сабаби зиёд будани воридот нисбат ба содирот ба амал омад. Имрӯз баробаршавии ҳаҷми содироту воридот ба назар мерасад ва ин имкон медиҳад, ки қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ мӯътадил нигоҳ дошта шавад.                         «Имрӯз Ҷумҳурии Халқии Чин бо кишварҳои шарики иқтисодиаш оиди ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷорати дар байни ин кишварҳо бо пули миллии чинӣ — юан гуфту шунид дорад. Инчунин, Федератсия Русия низ хостори он аст, ки доду гирифти тиҷорати байни кишварҳои узви ИДМ бо рубли русӣ сурат гирад. Аз ин рӯ, эҳтимоли поён рафтани доллари ИМА имкон дорад, зеро ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ худи Амрико низ ҷонибдори ин аст», — идома дод раиси Бонки миллӣ.                         Шариф Раҳимзода тазаккур дод, ки мо дар баробари худ низ, бояд қурби пули миллиро бо кишварҳои шарики ӣқтисодиамон муқоиса намоем, на бо кишварҳои мисли Амрико, ки шарики иқтисодии мо нест, вале мо бо ИМА низ муносибатҳои дипломатии хуб дорем, ки онҳо дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои Тоҷикистон саҳм мегузоранд.                           Гуфтанист, ки дар давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ БМТ 187 килограмм тилло захира намуда, имрӯз захираи 183 миллион доллари ИМА дорад.                           Мавриди зикр аст, ки сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2009 ба андозаи 0,1 фоиз коҳиш ёфта, аз аввали сол 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пасттар мебошад.                         Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз коҳиш ёфт.

Май 26, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад