«ШАШМАҚОМ» ВА МАҚОМИ ХОСИ ОН

Май 13, 2009 10:03

                     Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ибтикори Президенти кишвар аз соли 2000-ум ин ҷониб дар Тоҷикистон 12-уми май ҳамчун рӯзи «Шашмақом» таҷлил мешавад. Ин иқдом дар остонаи ҷашни 50-умин солгарди таъсиси ансамбли «Шашмақом» 12 майи соли 2000 аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, фармони махсус «Дар бораи рушди минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки тибқи он ба дастаи «Шашмақом» мақоми давлатӣ дода шуда, он ба номи Фазлиддин Шаҳобов номгузорӣ гардид.                    12 майи соли ҷорӣ низ чун анъанаи чанд соли охир, ҳунарнамоии устодони «Шашмақом» ба муносибати ин рӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд.                   Роҳбари гурӯҳи эҷодии ин чорабинии фарҳангӣ, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев мӯътақид бар он аст, ки анъаноти ба таври силсила иҷро намудани мусиқии «Шашмақом» тайи солҳои охир ба фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона бо иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин мусиқии асили аҷдодии тоҷикон аз нав эҳё гардид ва «Шашмақом» ба феҳрасти ягонаи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардид.                  «Шашмақом» аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат буда, зодгоҳаш Бухоро, бунёдгузораш тоҷикон, созаш танбӯр, саромадонаш Бобо Ҷамол, Бобо Ғиёс, Домулло Ҳалим, Леви Бобоҳон, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхони Ҳофиз мебошанд, ки таҳти таъсири назми форсу тоҷик ба вуҷуд омадааст.               Мавриди зикр аст, ки соли 1949 бо ибтикори каҳрамонони миллати тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон ташкил ёфт ва оҳангҳо, сурудҳо ва таронаҳои «Шашамақом»-ро се нафар донандагону хонандагони тоҷик Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов дар панҷ чилд иншо карда, ба ин шоҳасар умри дубора бахшиданд. Ин ансамбл куллан қисматҳои созӣ ва овозии «Шашмақом»-ро дар хазинаи родиои Тоҷикистон сабт карда, солҳои 1979 ва 1983 дар Симпозиумҳои байналмилалии мусиқии анъанавӣ ҳунарнамоӣ карда, сазовори макоми аввал шуд.

Май 13, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад