СОҲИБКОРӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти чанде аз соҳибкорони ВМКБ, фаъолияти онҳо соҳа аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят хуб дастгирӣ меёбад. Бо супориши раиси вилоят Қодири Қосим бонкҳои вилоят ба додани қарзҳои хурду миёна барои соҳибкорони маҳаллӣ вазифадор карда шудаанд. Тибқи ин дастур, мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Шуғнон барои тараққӣ додани мурғпарварӣ танҳо ба соҳибкор Ёралӣ Саидошуров дар деҳаи Колхозобод 1,5 гектар замин ҷудо намуд. Барои сохтмони фермаи мурғпарварӣ Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бошад ба соҳибкор Ёралӣ Саидошуров барои рушди соҳаи мурғпарварӣ 80 ҳазор доллар ҷудо намуд. Ҳоло дар дашти Зӯрозмои ноҳияи Шуғнон сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 10 ҳазор сар давом дорад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






