СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ҲАМ МЕОЯНД
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Субхи рӯзи 22 май ҳайати баландмартабаи соҳибкорони Арабистони Саудӣ аз ҷониби Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳайат зери роҳбарии Абдурахмон ибни Алӣ ал-Сирайсӣ — муовини раиси Шӯрой Палатаҳои Саудӣ, раиси Палатаи тиҷоратӣ-саноатӣ дар ар-Риёз, Юсуф Абдуллоҳ, ал-Авҳал, Роҳбари барномаи Саудӣ оид ба рушди содирот, Доктор Акилӣ Зайфуллоҳ Ҳавоҷӣ — директори Генералии лоиҳаи «Янбуъ», ташкилоти подшоҳии минтақаҳои ал-Ҷибайл ва Янбуъ ширкат доранд. Ба ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла туризм, хариди маҳсулотҳои кишоварзӣ, асал, обҳои нӯшокӣ, тандурустӣ, маориф ва ғайраҳо шомил мебошанд. Дар баробари ин, аз ҷониби соҳибкорони Арабистони Саудӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ, ба монанди коммуникация, энергетика, саноат, туризми экологӣ, кӯҳӣ, саломатӣ ва шикорчигӣ, хоҷагии об, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди нафту газ муаррифӣ гардиданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






