ТАҶЛИЛИ 35 -СОЛАГИИ КАФЕДРА
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Усулҳои пешқадами истеҳсолот», бахшида ба 35-солагии кафедраи технология, дастгоҳсозӣ, дастгоҳҳои фулузотбурӣ ва таҷҳизоти ДТТ баргузор мегардад. Дар конференсия намояндагони вазорати маориф, вазорати энергетика ва саноат, намояндагони корхонаҳои дастгоҳсозӣ, Маркази илмӣ-иттилоотии патентӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҷамъиятҳои саҳҳомии: «Гидроагрегат», «Корхонаи арматурбарорӣ», «Торгмаш», «Тоҷиктекстилмаш» ва ғайра ба соҳаи дастгоҳсозӣ дохил мегардад. Яке аз корхонаҳои кӯҳнатарини ин соҳа корхонаи яхдонсозии «Помир» ба шумор меравад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






