ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲАМШИРАҲОИ ШАФҚАТ
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 12 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи чаҳонии ҳамшираҳои шафқат таҷлил карда шуд. Рӯзи ҷаҳонии Ҳамшираҳои шафқат таърихи бештар аз садсола дорад, вале он соли 1971 расман тасдиқ карда шуд. Хизмати ҳамшираҳои шафқат солҳои ҷанги Қрим аз тарафи ходими намоёни сиёсии Англия Флоренс Нантингейл ташкил карда шуд. Рӯзи ҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат ҳар сол дар рӯзи таваллуди Ф.Нантингейл — 12 май ҷашн гирифта мешавад. Созмони ҷамъиятии ҳамшираҳои шафқат айни ҳол 141 мамлакатро муттаҳид менамояд. Дирӯз ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҷамъомади ботантана баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Раиси Ҷамъияти ҳамшираҳои шафқати ҷумҳурӣ Ниҳолбӣ Ҳасанова зикр намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон бештар аз 28 ҳазор ҳамшираҳои шафқат кор мекунанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






