ТАНТАНА ДАР САҒИРДАШТ
Бадахшон, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар маркази деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз рӯзи ҷавонон таҷлил гардид. Дар ин ҷашн, ки 23 май баргузор шуд, намояндагони ҷавонони ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ ва сокинони Сағирдашт иштирок доштанд. Раиси ноҳия Саидалӣ Мусофиров ҳадафи баргузории ҷашнро дар Сағирдашт мусоидат намудан ба коҳиш додани овозаҳо ба ноором гардидани вазъият дар минтақа арзёбӣ намуд. Пас аз суханони табрикотӣ ҳамчунин ба хонандагони мактаб, ки дар олимпиадаи байнимактабӣ дастовардҳои хуб ба даст оварданд ва омӯзгорони беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Шоири маҳаллӣ Абдуллои Дӯст дар васфи сулҳу ваҳдат шеърҳои эҷоднамудаи хешро қироат намуд. Ҳамчунин дастаи ҳаваскорони санъати хонаи фарҳанги ноҳия ба ҳозирин барномаи консертӣ пешкаш карданд. Мақомоти ноҳияи Дарвоз мегӯяд, ки минбаъд онҳо Рӯзи Ваҳдат ва дигар идҳои пешомадаро дар маҳалли Сағирдашт баргузор хоҳанд кард.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






