ТАЪСИРИ МАНФИИ ОФАТИ ТАБИӢ БА СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 13-уми май дар Вазорати кишоварзӣ дар мавзӯи «Таъсири офатҳои табиӣ ба соҳаи кишоварзӣ» аз ҷониби мутахассисони вазорат; сардори Раёсати растанипарварӣ Садмурод Баҳриддинов ва сардори Раёсати иқтисодӣ ва ояндабинии вазорат Сафар Маҳмадиев барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир карда шуд. Мутахассисон аз натиҷаи боронҳои сели дар моҳи май баамаломада сухан намуда, иброз доштанд, ки офат барои пахтакорону боғдорон, ғаллакорону чорводорон хисороти зиёде овард. Дар тамоми вилоятҳо ситодҳо ташкил ёфта, барои то 1-уми июн анҷом додани кишти такрорӣ тавсияҳои олимон пешниҳод гардид. Тибқи маълумоти сардори Раёсати растанипарварӣ Саидмурод Баҳриддинов, то 12 -уми майи соли ҷорӣ офати табиӣ майдони 14 ҳазору 119 гектар заминҳои киштро пурра хароб намуд, ки зарари он ба 43 млн. сомонӣ баробар аст. Аз таъсири борону жола ҳамчунин ҳосили 1830 гектар боғзор ва 1394 гектар токзор бо пуррагӣ нест шудаааст. Ба ақидаи мутахассисон зарари ғалларо аз ҳисоби кишти такрорӣ баробар кардан имкон дошта бошад ҳам, аммо зарари ба боғу токзорҳо расидаро барқарор кардан номумкин аст. Хабарнигорон ба саволҳои худ оид ба вазъи ба амал омада ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






