ТОЛИБИЛМОНИ ДУШАНБЕ БА ИСТИРОҲАТГОҲҲО ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

Май 22, 2009 10:51

                      Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-1600 нафар наврасони Душанбе дар соли равон дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Зимчуруд», «Шарора», «Гулханӣ» ва «Орзу» ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он истироҳатгоҳҳои дар боло зикршуда, ки дар тавозуни чор ноҳияи пойтахт аст, то 28 май пурра аз таъмиру тармим бароварда мешаванд.                       Бояд тазаккур дод, ки аз 1600 нафар толибилмоне , ки дар истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд, 160 нафарашон тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои пойтахт мебошанд. Талабагон дар ду баст -аз 10 то 30 июн ва басти дуюм аз 6 то 26 июл дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ истироҳат менамоянд.

Май 22, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд