ТРЕВОР ЧАРЛЗ НИЯТИ ТАШКИЛИ ГУРӮҲИ ДӮСТӢ -ПАРЛУМОНИРО ДОРАД

Май 8, 2009 12:01

                      Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир зимни мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Чарлз Мур баррасӣ гардиданд.                     М. Убайдуллоев дипломати британиро бобати таъин гардидан ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд. Вай гуфт, ки бо оғози фаъолияти Тревор Чарл Мур дар ин вазифаи олии дипломатӣ, сатҳи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои гуногун тавсеа хоҳанд ёфт. Ба андешаи М. Убайдуллоев то ҳол потенсиали воқеӣ, ки ҳадафҳои тарафайнро ҷавобгӯ бошад, ба таври дилхоҳ анҷом нагирифтааст. Итминон аст, ки бо мақсади пур намудани холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд. Хусусан, масъалаи ташкили гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир барои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ нақши муассир хоҳад гузошт.                   Мусоҳибон инчунин, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои бонкӣ, суғурта, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ, хусусан ҷудо намудани ҷой барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Британияи Кабирро баррасӣ карданд.                   Дар навбати худ дипломати британӣ Тревор Чарлз Мур афзуд, ки бо истифода аз ваколати дипломатиаш барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир тадбирҳои судманд хоҳад андешид.

Май 8, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад