УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ ТАНЗИМИ НАРХҲО ДАР БОЗОРҲОИ ШАҲР ШУД

Май 29, 2009 14:26

                         Душанбе, 29 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати таъсиррасонӣ ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардум вамаводи сӯхт аз 1 июн то 1 декабри соли 2009 дар бозорҳои зертавозун ва дигар бозорҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ нуқтаҳои алоҳидаи савдо барои Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Маҳсулоти аз ҷониби Агентӣ пешниҳодшаванда назар ба нархи бозор 10% арзон ба савдо гузошта мешаванд. Дар ин хусус шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи корӣ карор қабул намуд.                          Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, мақсад аз андешидани ин тадбир коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони молиявӣ дар бозори истеъмолӣ ва таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагони пойтахт мебошад.                           Ҷиҳати татбиқи ин муқаррарот тамоми масъулини соҳа ва мақомоти дахлдор муваззаф карда шуданд, ки барои аз ҷониби Агентӣ ба фурӯш гузоштани анвои мухталифи маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла орд, шакар, бензин, солярка ва керосин ҳамаҷониба мусоидат намуда, ҳамзамон ғанӣ гардонидани бозори истеъмолиро аз ҳисоби захираи бозорҳо таъмин созанд.

Май 29, 2009 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд