ЗАРАРИ ХИСОРОТ БА 100 МЛН. ДОЛЛАР БАРОБАР ШУДААСТ
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Натиҷаи ҷамъбасти хисороти офати табиӣ, ки аз ҷониби ситоди ҳолати фавқулодда ва мудофиаи граданӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ба ҳисоб гирифта шудааст, 26-уми май ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардид. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, боришоти шадид ба 40 шаҳру навоҳии Тоҷикистон зарари калони иқтисодӣ расонидааст. Маблағи зарари аз боришот ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ расида беш аз 100 млн. доллари амрикоиро ташкил додаст. Инчунин садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ хароб гардиданд. Шумораи одамони бесарпаноҳмонда ба 10 ҳазор нафар мерасад. Дар ин боришот беш 160 км роҳи мошингард хароб гардида, 40 кӯпруки аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 3 ҳазор сар чорво нобуд гардидааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






