ҒАЛАБАИ Ф. АМОНАТОВ ДАР МУСОБИҚАИ ТОШКАНД

Июнь 26, 2009 15:11

                      Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Шоҳмотбози машҳури тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи минтақавии шоҳмотбозони зӯртарини Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ҷои аввалро ишғол намуд. Барои ғолибони мусобиқа 3 роҳхат муқаррар карда шуда буд. Роҳхати якум насиби Фаррух Амонатов гардид. Ў акнун ҳамчун намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмотбозони ҷаҳон иштирок хоҳад кард, ки дар округи Ханты-Мансии Федератсияи Русия баргузор мегардад.                        Шоҳмотбозони дигари тоҷик Соҳиб Ҷӯраев ва Надежда Антонова дар ин мусобиқа ҷойҳои 11- ро ишғол намуданд.

Июнь 26, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд