КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад

Март 28, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 28.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 кишоварзони мамлакат дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд. Аз ин шумора 8145  гектар зироати равғандиҳанда дар заминҳои обёришуда ва 17 917 гектар дар заминҳои лалмӣ кишт карда мешавад. Яке аз зироати равғандиҳанда маъсар мебошад, ки фоизи равғанокиаш бештар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Парвариши растании равғандиҳанда, аз қабили маъсар дар иҷрои истеҳсоли равғанҳои истеъмоли аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар аст. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ ба ҳисоб рафта, дар таркиби донаш 28-32 фоиз равғани нимхушкшаванда ва то 12 фисад сафеда дорад. Сифати равғани мағзи дони маъсар ба равғани офтобпараст монандӣ дошта, дар тайёр кардани таомҳои гуногун истифода бурда мешавад.

Мувофиқи маълумоти Институти илмию таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон, дар таркиби кунҷораи маъсар 13,63 фоиз об, 2,38 фисад равған, 3,20 фисад хокистар, 24,94 фоиз клетчатка, 20,40 фоиз сафеда, 2,40 милиграмм калсий, 4,67 милиграмм фосфор ва дар 100 килограмм кунҷораи он то 75,5 воҳиди хӯрокӣ мавҷуд аст.

Дар шароити ҷумҳурӣ зироати маъсарро барои хӯроки чорво низ истифода мебаранд. Бедаи маъсар аз рӯи ғизонокӣ аз бедаи юнучқа камӣ надошта, дар таркибаш 13-14 фоиз сафеда, 9,0 фоиз қанд, 6-7 фоиз равған ва то 22 фоиз клетчатка дорад.

Ранги гулҳои он зард, сурхи ҷигарӣ ва норинҷӣ мебошад. Дар як растании маъсар аз 15 то 45 сабадча пайдо мешавад. Дар дохили ғӯзаи маъсар тухмакҳо ҷойгир шуда, рангаш сафеди ҷилодор мебошад. Вобаста ба навъҳо, шароити иқлим, хоки минтақа ва агротеникаи парвариш давраи нашъунамои зироати маъсар барои тухмӣ дар киштҳои баҳорӣ 110-125 рӯз ва барои силос дар давраи гулкунӣ 75-90 рӯз идома меёбад.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, коркарди саривақтӣ ва дар чуқурии муайян гузаронидани шудгор имконият медиҳад, ки силсилаи решагии маъсар пурқувват инкишоф ёфта, моддаҳои ғизоӣ ва захираҳои намии хокро самаранок истифода барад. Таҳқиқот нишон доданд, ки ҳосилнокии дони маъсар аз муҳлати кишт вобастагии зич дорад. Шудгори тирамоҳӣ нисбат ба шудгори баҳории он бартарӣ низ дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 28, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия