ҚУРБИ ДОЛЛАР БЕТАҒЙИР МОНД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1 июн, дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 1,40-1,42 сомонӣ ва 6,10-6,12 сомониро ташкил намуданд. Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бештари амалиётҳо нисбат ба доллар бо қурби 4,40 ва 4,41 сомонӣ сурат гирифта, нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он 4,4062 сомониро ташкил дод ва вобаста ба ин қурби расмӣ аз 4,3743 то 4,3780 афзуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






