ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ДАР БАЪЗЕ КӮЧАҲОИ ДУШАНБЕ БАСТА МЕШАВАД

Июнь 25, 2009 14:14

                       Душанбе, 25 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Доир ба таъмиру таҷдиди баъзе кӯчаҳои пойтахт» ва оғози корҳои тармиму барқарорсозии кӯчаҳои шаҳр, ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои пойтахт аз 29 июни соли ҷорӣ маҳдуд карда мешавад.                       Аз ҷумла, ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Неъмат Қарабоев аз кӯчаи Саъдии Шерозӣ ба самти кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Борбад, Шестапалов, Соҳилӣ ва Деҳотӣ то чорсӯи кӯчаи Ҷомӣ пурра қатъ карда мешавад.                       Вобаста ба тармими кӯчаи Титов (аз чорсӯи кӯчаи Аҳмади Дониш то чорсӯи кӯчаи Юлиус Фучик) ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Аҳмади Дониш, истгоҳи мошинҳои фурудгоҳ, кӯчаҳои Матросов, Гастелло, Коргар, С. Айнӣ ва Назаршоев боз дошта хоҳад шуд.                        Инчунин, вобаста ба оғози тармими кӯчаи Мирзо Турсунзода ҳаракати нақлиёт аз чорсуӣ кӯчаи Шота Руставелӣ то кӯчаи Лоиқ Шералӣ ба самти кӯчаҳои Лоҳутӣ, Телман, Меҳнат, Заҳматобод, Мирзо Турсунзода ва Бухоро баста мешавад.                        Ҳамзамон, вобаста ба таъмири роҳ дар кӯчаи Камонгарон (Заводская то бинои шӯъбаи махсуси ВКД, кӯчаи Бофанда (аз чорсӯи кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо то чорсӯи кӯчаи Валаматзода, кӯчаи Мичурин (аз чорсӯи кӯчаи Ҳусейнзода то чорсӯи кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо), кӯчаи Лоиқ Шералӣ (аз чорсӯи кӯчаи Рӯдакӣ то чорсӯи кӯчаи Мирзо Турсунзода) низ ҳаракати нақлиёт дар соатҳои муайян манъ карда мешавад. Ҳаракати нақлиёт баъди анҷом ёфтани корҳои таъмиру азнавсозӣ дар кӯчаҳои зикршуда ба роҳ монда мешавад.

Июнь 25, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе