ҲУНАРМАНДОНИ БУХОРОӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Сафари ҳунарии ҳунарпешагони дастаи «Мавригӣ»-и шаҳри Бухоро ба Тоҷикистон аз 29 июн оғоз меёбад. Ба тамошобинони тоҷик аз ҷумла рақсу сурудҳои халқии минтақаи Бухоро намоиш дода мешаванд. Директори генералии муассисаи давлатии ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳунарпешагони бухороӣ баъди як рӯзи ба Душанбе омаданашон дар Кохи Ҷомӣ консерт медиҳанд. Баъд онҳо аз 1 то 7 июл дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Исфара ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Инчунин мулоқоту вохӯриҳои ҳунарпешагони бухороӣ бо ҳамкасбони тоҷик ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






