БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХУДОГОҲӢ ВА ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Июнь 6, 2009 11:54

                   Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо иштироки намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои фарҳанг, маорифи ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ гузаронида шуд.                   Вохӯрии мазкур таҳти унвони «Баланд бардоштани ҳифзи худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» барпо гардид.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори раёсати Кумитаи ҷавонони шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов иттилоъ дод, мақсади гузаронидани ин чорабинӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ, ҳисси ватандӯсти ва ифтихор аз муқадасоти милии ҷавонон мебошад. Чунин чорабиниҳо барои бештар иттилоъ додани насли ҷавони пешқадами ҷумҳурӣ ва дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ, таълимӣ-ташвиқотиро оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он дастовардҳое, ки Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ба даст овард ва инчунин огоҳӣ додани насли ҷавон аз ғаразу ҳадафҳои нопоки баъзе аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ҳамеша дар талоши ба ҳам задани сулҳу суббот ва амнияти ҷомеа ҳастанд, мебошад.                   Инчунин қайд намуд, ки ҳар қадар ҷавонони мо огоҳтар, зирактар ва аз назари фаҳмиши сиёсӣ ва худогоҳӣ бештар маълумот дошта бошад, ҳамон қадар сатҳи таҳъсиррасонии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба онҳо заифтар мегардад.  

Июнь 6, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид