БОЗОРҲОИ ПАНҶАКЕНТ БА ТАНЗИМ МЕДАРОЯНД
Панҷакент. 25 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар шаҳру деҳоти Панҷакент 11 бозор амал мекунад ва мутаассифона на дар ҳамаи онҳо талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба стандартҳои бозор ва стандартҳои давлатӣ пурра риоя мешаванд. Бо мақсади пурзӯр намудани назорат ва ҳамкорӣ дар бозорҳо, бартарафсозии камбудию нуқсонҳои ҷойдошта ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кору хизматрасонӣ аз ҷониби маъмурияти Маркази ташхисии минтақавии Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Панҷакент тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Гурӯҳҳои кори ин марказ ҳолати бозорҳои ноҳияро мавриди назорат қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастури мушаххас медиҳанд. Сардори МТМ Панҷакент М. Сафаров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи аслии ин марказ амалӣ намудани қонунҳои соҳаи стандарт мебошад. Имрӯз кормандони назорати давлатии стандартро зарур аст, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба тозагӣ ва дигар меъёрҳои бозору нуқтаҳои хизматрасонӣ, бахусус марказҳои савдо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар ин самт на танҳо ҳадафашон ҷарима кардани соҳибкорон бошад, балки онҳоро бояд омӯзонанд. «Ҳоло вазъ дар бозорҳои ҳудуди ноҳия рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, нисбат ба солҳои қаблӣ сатҳи фаҳмиши соҳибкорон нисбат ба риояи меъёрҳои бозордорӣ баланд шуда истодааст, ки ин бевосита ба амалӣ гаштани қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон оид ба бозор ва стандарт мусоидат мекунад», — тазаккур дод М. Сафаров.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






