БОЗОРҲОИ ПАНҶАКЕНТ БА ТАНЗИМ МЕДАРОЯНД

Июнь 25, 2009 11:08

                   Панҷакент. 25 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар шаҳру деҳоти Панҷакент 11 бозор амал мекунад ва мутаассифона на дар ҳамаи онҳо талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба стандартҳои бозор ва стандартҳои давлатӣ пурра риоя мешаванд.                     Бо мақсади пурзӯр намудани назорат ва ҳамкорӣ дар бозорҳо, бартарафсозии камбудию нуқсонҳои ҷойдошта ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кору хизматрасонӣ аз ҷониби маъмурияти Маркази ташхисии минтақавии Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Панҷакент тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Гурӯҳҳои кори ин марказ ҳолати бозорҳои ноҳияро мавриди назорат қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастури мушаххас медиҳанд.                     Сардори МТМ Панҷакент М. Сафаров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи аслии ин марказ амалӣ намудани қонунҳои соҳаи стандарт мебошад. Имрӯз кормандони назорати давлатии стандартро зарур аст, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба тозагӣ ва дигар меъёрҳои бозору нуқтаҳои хизматрасонӣ, бахусус марказҳои савдо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар ин самт на танҳо ҳадафашон ҷарима кардани соҳибкорон бошад, балки онҳоро бояд омӯзонанд.                     «Ҳоло вазъ дар бозорҳои ҳудуди ноҳия рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, нисбат ба солҳои қаблӣ сатҳи фаҳмиши соҳибкорон нисбат ба риояи меъёрҳои бозордорӣ баланд шуда истодааст, ки ин бевосита ба амалӣ гаштани қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон оид ба бозор ва стандарт мусоидат мекунад», — тазаккур дод М. Сафаров.

Июнь 25, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад