ДАР ЧОРБОҒ 50 КГ ГЕРОИН МУСОДИРА ШУД
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 20 июни соли ҷорӣ соати 21:45 ронандаи автомашинаи « Toyota Avensis» рақами давлатиаш ЕА 15 28 РТ 02 Саттор Сангов, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва мусофири дохили автомашинаи мазкур Тоҷиддин Акбаров, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳия Вахш колхози Ленинград, аз соли 2004 бо модаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ дар кофтуков мебошанд, аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохила дастгир гардиданд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти БДА подполковник Шерафган Латифов, ҳангоми ҳаракат онҳоро дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи Чорбоғ нозири калони ротаи хадамоти роҳбони ШБДА РКД шаҳри Душанбе лейтенанти милитсия Ҷумъахон Қаюмов, прапоршики милитсия Намоз Насриддинов боз медоранд. Ҳангоми аз назар гузаронидани бағоҷи автомашина дар ду халтаи семент моддаи сахттаъсири героин, ки вазнаш 49 кг 920 гр ташкил медод, дарёфт карда шуд. Бо кӯмаки кордонии кормандони масъули ШБДА РКД ҶТ подполковники милитсия Азизулло Каримов ва подполковник Умар Шарипов ин ҳодиса ҳуҷҷатгузорӣ шуда дар натиҷа парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






