ДАР ДУШАНБЕ САФОРАТХОНАИ АРАБИСТОНИ САУДӢ КУШОДА МЕШАВАД

Июнь 30, 2009 15:06

                Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иштироки худ дар мулоқоти ғайрирасмии «Гурӯҳи ҳаштгона» оид ба Афғонистон, ки 26 июни соли 2009 дар шаҳри Триестаи Италия баргузор гардид, бо вазири корҳои хориҷии Канада Лоренсо Кэннон мулоқот анҷом дод.               Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Канада, муносибатҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ташаббуси Тоҷикистону Канада дар бобати таъмини сулҳу амният дар Афғонистон, барқарор сохтани иқтисодийти кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.                Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки дар Афғонистон сохтмони роҳҳои автомобилгард ва оҳан, бунёди сарбанду нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва хатти интиқоли барқро ривоҷ додан зарур аст. Ҳ. Зарифӣ таъкид дошт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро имкони таърихие пеш омадааст, то ба Афғонистон ёрӣ расонаду он ба давлати осоишта, босубот ва муваффақ табдил ёбад.                Ҳамон рӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб, вазири давлатии корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ва вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон мулоқотҳо анҷом дод.                Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.               Дар рафти мулоқоти роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ вазири давлатии саудӣ зикр намуд, ки ҳукумати кишвараш ният дорад ояндаи наздик дар Душанбе Сафоратхонаи худро кушояд.                Дар ин бора ба МИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Июнь 30, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд