ДАР ИШКОШИМ 3 НОБ- И ХУРД БУНЁД МЕШАВАД

Июнь 23, 2009 16:31

                  Душанбе, 23 июн.(АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Сокинони ВМКБ бо маблағи худӣ нерӯгоҳи хурди барқ месозанд. Охири соли 2008 танҳо дар деҳаи Шитхарви ноҳияи Ишкошим якбора ба бунёди 3 нерӯгоҳи хурд оғоз намуданд. Нерӯгоҳи хурди барқии «Шохумборак», ки лоиҳааш 38 ҳазор сомониро ташкил дод, аллакай мавриди истифода қарор дорад. Иқтидори он 35кВт буда, 25 бунаи деҳаро пурра бо барқ таъмин менамояд.  Бунеди ду нерӯгоҳи дигар «Кунҷрав» барои 34 буна ва НОБ-и «Боғак» барои 28 буна бо иқтидори 60 киловаттӣ бо суръати баланд идома дорад. Лоиҳаи техникии ин ду нерӯгоҳ наздики 80 ҳазор сомонист. Маскунони деҳаи Шитхарв ният доранд, ки баъди мавриди истифода қарор додани ин нерӯгоҳҳо боз 4 нерӯгоҳи барқиро бунёд намоянд, то саросари деҳа бо нерӯи барқ таъмин гардад.

Июнь 23, 2009 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!