ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ГУРҶИСТОН БА АФҒОНИСТОН ФИРИСТОДА МЕШАВАНД

Июнь 23, 2009 11:48

                 Тифлис, 23 июн. (АМИТ «Ховар»Лента. Ru).- 500 нафар хизматчии ҳарбии Гурҷистон аввали соли 2010 барои беҳтар сохтани фаъолияти ҷузъу томҳои эътилофии Амрико ва НАТО ба Афғонистон фиристода хоҳад шуд. Хизматчиёни ҳарбии Гурҷистон дар Афғонистон бо қисмҳои ҳарбии НАТО ҳамроҳ мешаванд. На Гурҷистон ва на НАТО ин иқдоми маъмурияти Гурҷистонро шарҳ надодаанд.                  Хабар дар бораи нақшаҳои роҳбарияти Гурҷистон роҷеъ ба фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон баъди пахши хабари Қасри сафед дар бораи сафари ноиби президенти ИМА Ҷ. Байден ба Тифлис дар воситаҳои ахбори оммавӣ нашр гардид. Ҷ. Байден бояд 20 июли соли равон ба Тифлис ташриф орад. Ноиби президенти ИМА баъди анҷоми сафараш ба Гурҷистон 24 июл ба Украина хоҳад рафт. Ҳам Тифлис ва ҳам Киев борҳо изҳор намуданд, ки ба НАТО шомил гаштан мехоҳанд, вале гуфта мешавад, ки ин мамлакатҳо барои қабул ба узвияти Созмони Атлантикаи шимолӣ ҳанӯз тайёр нестанд.                  Айни ҳол дар Афғонистон бештар аз 90 ҳазор аскару афсари хориҷӣ ҷой дода шудааст. Қисмати бештари онҳоро низомиёни амрикоӣ ташкил медиҳанд.

Июнь 23, 2009 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!