ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР КИШВАРҲОИ ДИГАР НИЗ МЕПИСАНДАНД
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар»). — Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар Тоҷикистон эълон гаштани соли 2009, ки аз ҷумлаи иқдомоти ваҳдатафзуни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, дар миёни кишварҳои мусулмонӣ мавриди пуштибонӣ ва хушҳолиҳои зиёди мусулмонон қарор мегирад. Андешаю иқдомоти ибратомӯзи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар дини мубини Ислом, ки аз афкору ақоиди шоистаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, маъруф ба Имоми Аъзам ва дигар фарзандони нобиғаи миллати тоҷик сарчашма мегиранду ғояҳои дӯстию рафоқат ва гуфтугӯйи солими миёни тамаддунҳо ва дину мазҳабҳоро ташвиқ мекунанд, пайваста тавассути матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма пешкаши мардуми кишварҳои зиёди мусулмонӣ мегарданд. Мақолаҳои Эмомалӣ Раҳмон «Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо» ва «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ» бо забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ ва ғайра ва ба алифбои ниёгонамон баргардонда шудаанд ва зуд-зуд дар матбуоти даврии кишварҳои гуногуни мусулмонӣ ва минтақаҳои мусулмоннишини давлатҳои дигар нашр мешаванд. Аз ҷумла, дар нашрияи «Ормони сулҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зери сарлавҳаи мақолаи «Имоми Аъзам ва Ҳувияти миллӣ» омадааст: «Сарфи назар аз он, ки ин мақола дар нашрияҳои дигар чоп шудааст бо тақозои зиёди мардум дар нашрияи «Ормони сулҳ» низ ба нашр мерасад». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






