КОМЁБИИ ТАЭКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД

Июнь 2, 2009 11:22

                          Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Аз 28 то 31 май дар шаҳри Тошканд Мусобиқоти қаҳрамонии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи намуди варзиши таэквондо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик 15 медал ба даст оварданд.                          Аз дафтари матбуотии Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ), ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин мусобиқа таэквондочиёни мо соҳиби 7 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд.                          Дар ин мусобиқа — Насхиддин Ворисов, Хисрав Ғиёсов, Алишер Гулов, Сунатулло Шеров, Дилшод Зайдуллоев, Шукрона Шарифова ва Сергей Ли медали тилло гирифтанд. Бо медали нуқра — Хоҷаева Тахмина, Адолат Сафарова, Гулчеҳра Раҳимова ва Тошматов Сафарбек сарфароз шуданд. Медалҳои биринҷии мусобиқа насиби — Нодирҷон Амиров, Илҳом Неъматуллоев, Неъмат Маҳмадҷонов ва Диловар Зайниддинов гардид.                        Сармураббии дастаи мунтахаби таэквондочиёни Тоҷикистон Исматулло Хоҷаев қайд намуд, ки «ин мусобиқа бо қоидаҳои нав гузаронида шуда, аввалин маротиба 30 варзишгари тоҷик дар он иштирок кард».

Июнь 2, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад