КУМИТАИ АНДОЗ БЕҲТАРИНҲОРО БА КОР МЕГИРАД

Июнь 11, 2009 09:58

                     Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти андоз, озмун доир гардид.                    Бо назардошти ҷойивазкунии кадрҳо 53 ҷой барои мансабҳои ишғолшаванда пешниҳод карда шуд.                   Айни замон дар Кумитаи андоз тибқи моддаи 18-и қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 10-и Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, инчунин бо мақсади интихоби дуруст ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат дар мақомоти андоз, фармони раиси кумита ба тасвиб расид.                    Ба озмун 112 нафар довталабон муроҷиат намуданд. Комиссияи ҳуҷҷатҳои 101 нафар довталабро мувофиқ дониста, ба озмун пешниҳод кард.                     Бино ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани довталабон ба 11 нафар иҷозат дода нашуд. Озмун 44 нафарро ба вазифаи интихобнамуда сазовор донист, дониши 50 нафар довталаб барои ишғоли мансаб ношоиста дониста шуд.

Июнь 11, 2009 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад