МАКТАБИ МАХСУСИ ТОБИСТОНА БАРОИ БАЧАГОН МАЪЮБ

Июнь 30, 2009 15:28

                     Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 28 июн то 5 июли соли ҷорӣ бо дастгирии созмони байналмилалии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи Кушод — Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон барои бачагони бемори аз 10 то 14-сола мактаби тобистона фаъолият хоҳад кард, ки таҳти шиори «Ҳамаи мо гуногун, вале баробарҳуқуқем» амал мекунад.                     Тавре ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади асосии ташкили мактаби тобистона додани имконият барои буду бош, истироҳат, солимгардонӣ, таълим ва муоширати якҷояи кўдакони бемору маъюб бо ҳамсолони солимашон мебошад.                     Барномаи мактаби тобистонаро мутахассисони маҳаллӣ якҷоя бо мутахассисони Ассотсиатсияи ҷамъиятии волидони кўдакони маъюби Санкт-Петербург тартиб додаанд.  Барнома тадбирҳои фарҳангию таълимӣ, рушддиҳанда ва солимгардониро дар бар мегирад. Барномаи мактаби тобистона на фақат барои истироҳат ва солимгардонӣ, балки барои таълим, муошират ва истиқомати якҷояи кўдакон имконият медиҳад.

Июнь 30, 2009 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад