МОДАРИ БОМАЪРИФАТ — ГАРАВИ САЛОМАТИИ КӮДАК АСТ

Июнь 2, 2009 10:27

                           Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо ибтикори Маркази шаҳрии тибби оилавӣ дар якҷоягӣ бо Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва дастгирии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин модари соли 2009» гузаронида шуд, ки аз тарафи ташкилоти ЗдравПлюс ЮСАИД дастгирӣ ва маблағгузорӣ гардид.                          Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз гузаронидани чунин озмун — баҳодиҳӣ ба фаъолияти духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббӣ ва иттилоотии модарон дар бахши ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона мебошад.                        Бо мақсади дар сатҳи марказҳои саломатии шаҳрӣ гузаронидани озмун моҳи апрели соли равон бо фармони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Оинномаи озмун тасдиқ карда шуда буд.                          Тавре ки директори Маркази шаҳрии тибби оилавӣ Фирӯза Абдуллоева изҳор дошт, — озмун дар ду марҳила гузаронида шуда, дар даври аввал 131 нафар ва дар даври хотимавӣ 14 нафар модарон иштирок намуда, донишу малакаи худро оид ба пешгирии бемориҳои кӯдакона намоиш доданд.                         Дар даври ниҳоӣ се нафар довталабон — Шоира Раҳимҷонова аз МСШ №1, Нигина Сатторова аз МСШ №12 ва Озода Акрамова аз МСШ №2 ғолиб омаданд. Ғолибони озмун ва ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.  

Июнь 2, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд