МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Д. СТРОСС-КАН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи Хазинаи байналмилалии асъорро, ки зери сарварии Директори тақсимкунандаи хазина Доминик Стросс-Кан ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла оид ба коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байналмилалии асъор барои ҷудо намудани 116 миллион доллари амрикоӣ, ки дар доираи Барномаи нави ҳамкории Точикистон бо ин хазина баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ сурат мегирад, арзи сипос намуда, изҳори қаноатмандӣ кард, ки қисмати зиёди он соли равон маблағгузорӣ мешавад. Мусоҳибон оид ба роҳҳои зиёд намудани кӯмакҳои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмону кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, таъкид бар он доштанд, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки то имрӯз ҷудогашта барои босамар амалӣ намудани тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нокифояанд. Доминик Стросс-Кан ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати иҷтимоӣ ва пулию қарзии он баҳои мусбӣ дода, изҳор намуд, ки масъалаи зиёд кардани кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор дорад ва ҳаҷми он ба наздикӣ муайян хоҳад шуд. Доминик Стросс-Кан сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, аз ҷумла далелҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин бора муътамад арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки захираҳои фаровони табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ имкон медиҳанд, ки дар оянда рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






