ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ ОБОДИИ ШАҲРАКИ СПИТАМЕН 1 МЛН. СОМОНӢ ТӮҲФА КАРД

Июнь 25, 2009 14:54

                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен рафта, нахуст дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Суғдагросерв» иштирок намуд.                    Маркази савдо ва хизматрасонии кишоварзию техникии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Суғдагросерв» дар ҳамкорӣ бо хоҷагии деҳқонии «Шарқ»-и ноҳияи Спитамен ва бо дастгирии молиявию машваратии як қатор созмонҳои байналмилалӣ таъсис ёфта, асосан бо таъмини тухмии қариб ҳама намуди зироат, нуриҳои минералӣ, маводҳои дигари кимёвӣ, заҳрдоруҳо, иҷора додани техникаи кишоварзӣ ва фурӯши қисмҳои эҳтиётии он ва ҳамчунин бо ташкил ва гузарондани маш?улиятҳои таълимӣ оид ба ҷорӣ намудани тарзу усулҳои муосир ва фоидаовари фаъолияти кишоварзӣ машғул аст.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тухмии навъҳои серҳосил ва хушлаззати тарбузаро санҷида ба деҳқонон пешниҳод намоянд, зеро талабот ба он дар бозори дохилӣ ва хориҷии кишвар чандин карат зиёд аст.                     Ба гуфти роҳбари он Абдусаттор Ҳайдаров, афзалияти асосии кори марказ дар он аст, ки деҳқонон ва дигар эҳтиёҷмандон тамоми маводи зарурии кишоварзиро метавонанд бе сарсонии зиёд аз як ҷо дастрас намоянд.                     Чунонки аз сӯҳбатҳо маълум шуд, ин нахустин ва айни ҳол ягона чунин маркази хизматрасонӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ин ҷо шумораи зиёди техника ва мошинолоти кишоварзӣ барои хизматрасони омодаи кор аст.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тарзи корбурди ин марказ хушҳол шуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки чунин таҷрибаҳои ибратбахшро дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҷорӣ намоянд.                     Марказ 1 гектар замини таҷрибавӣ дорад, ки дар он тухмии хушсифати навъҳои серҳосили сабзавот ва дигар зироатҳоро кишт ва парвариш мекунад. Марказ ҳамчунин дар 1 гектар гармхонаи муқаррарӣ ва 1 гектари дигар гармхонаи таҷрибавӣ дорад, ки дар фасли зимистон сабазавот кишт мекунад.                     Сохтмони марказ 14 июни соли 2008 оғоз ёфта, то имрӯз барои бунёди он 800 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст.                     Айни ҳол дар маркази мазкур 15 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, маоши онҳо ба ҳисоби миёна 600-650 сомониро ташкил медиҳад.                    Дар маркази ноҳияи Спитамен бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии маишии Файз мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хайрулло Убайдуллоев бунёд ёфтааст.                    Чунонки маълум шуд, маркази хизматрасонии маишии Файз бинои дуошёна буда, дар он зиёда аз 50 нафар занону духтарони пештар хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Кори асосии онҳо дар ин ҷо дӯзандагӣ аст. Сехи дӯзандагӣ бо дастгоҳу мошинолоти муосир муҷаҳхаз гаштааст. Маблағи умумии дар сохтмон ва таҷҳизи марказ сарфшуда 960 ҳазор сомонӣ аст.                    Дар бригадаи 6 — уми ҷамъияти саҳомии Саидқурғони ноҳияи Спитамен Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти деҳқонию соҳибкории аъзои он аз наздик шинос шуда, аз фаровонии ҳосили ғалладона ва дигар зироатҳо изҳори каноматмандӣ намуд.                    Роҳбарияти ноҳия иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замини ғалла 45-50 сентнери ҳосил ҷамъоварӣ карда истодаанд ва нисбат ба соли гузашта бояд 6 ҳазор тонна ғалла бештар истеҳсол шавад. Зикр гардид ки дар 3,5 ҳазор гектар заминҳои обӣ ғалла кишт шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳамаи ҳамин заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.                   Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳия мулоқоти судманд анҷом дод ва онҳоро ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, рӯёндани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, таъмини фаровонӣ дар бозор, вусъати корҳои ободонӣ ва дигар фаъолияти манфиатбахш ҳидоят намуд. Масъулини дахлдор вазифадор карда шуданд, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти иҷтимоии мардуми ноҳия тадбирҳои муассир андешанд. Барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки сохтмон ва таҷҳизи корхонаи ресандагии комбинати "Спитамен-текстайл" то моҳи ноябри соли равон ба анҷом расонида шавад. Чунон ки роҳбари корхона соҳибкор Сангинмурод Ҳакимов ба Сарвари давлат иттилоъ дод, баъди ба кор даромадани корхона 160 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.                    Ӯ ҳамчунин афзуд, ки кӯшиш мекунад ҳарчи зудтар корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагии ин комбинат низ ба кор дароварда шуда, барои 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гардад. Ҳоло дар давраи сохмони корхонаи ресандагӣ 100 нафар кор мекунанд. Корхона дар як сол метавонад аз 3 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри нихоӣ истеҳсол намояд.                    Дар охири мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳия мужда расонд, ки барои ободонии шаҳраки Спитамен аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 млн сомонӣ барои ҳамин сол ва 1 млн сомонии дигар барои соли оянда ҷудо менамояд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 25, 2009 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст