ПРЕЗИДЕНТ ДАР ЗАФАРОБОД

Июнь 25, 2009 12:59

               Субҳи барвақти имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сафар карда, дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонии он бо корҳои саҳроӣ, аз ҷумла таҷрибаи деҳқонон дар гузарондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ аз наздик шинос шуд.                 Истиқболи самимию пуршукӯҳи аҳолии ноҳия аз наздик шудани ҷашни фархундаю Ваҳдати миллии Тоҷикистон, башорат медиҳад.                Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоишгоҳи махсуси занбӯри асал дидан карда, бо занбӯрпарварон сӯҳбатҳои судманд анҷом дод. Занбӯрпарвар Очилбой Ҳабибов иттилоъ дод, ки имсол аз 800 оилаи занбӯраш 25 тонна асал ба даст оварданиаст.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дустур дод, ки ба ӯ дар шаҳри Душанбе барои кушодани мағозаи асалфурушӣ ҷой дода шавад. Занбӯрпарвар қавл дод, ки асалро дар ин мағоза аз нархи бозор хеле арзон пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба занбӯрпарварон барои кишти растаниҳои асалбор аз ҳисоби заминҳои бекормонда заминҳои иловагӣ ҷудо карда шавад.                  Зимни боздид аз як замини кишти такрории полезиҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки ғаллаи заминҳои обиро саривақту беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар ҷояш зуд кишти такрорӣ гузаронанд, то истифодаи пурсамари заминҳои корам таъмин гардад. Чунон ки маълум шуд, дар ноҳияи Зафаробод бо истифода аз имконоти мусоиди имсола иҷрои супориши Президенти мамлакат оид ба захира намудани маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво барои 2 сол, хуб оғоз ёфтааст.                Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз як замини пахта ки рӯзи 14 май баъди офатҳои табиӣ дубора кишт шудааст, дидан кард ва аз нашъунамои хуби он изҳори қаноатмандӣ намуд.                 Зимни шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили гандум дар заминҳои корхонаи мурғпарварии соҳибкор Ғуфронҷон Усмонов зикр гардид, ки ин корхона 123 гектар замини корам дорад ва бештар барои таъмини парранда бо дон ғалладона кишт мекунад. Дар корхонаи ӯ 12 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад, ки 5,5 ҳазораш тухмдеҳ аст. Аз ин корхона ҳамарӯза то 3 ҳазор дона тухм ба бозор пешниҳод мешавад.                 Дар замини кишти пиёз иттилоъ дода шуд, ки дар 700 гектар заминҳои ноҳия имсол бори нахуст пиёзи барвақтӣ кишт карда шудааст. Аҳли хоҷагии деҳқонии «Меҳриниссо» аз ҳар гектар замини пиёзи барвақтӣ то 450 сентнери ҳосил гирифта истодаанд. Маълум шуд, ки ҳавасмандӣ ба кишти пиёзи барвақтӣ зиёд аст, зеро ин маҳсулоти содиротӣ мебошад ва фоидаи хуб меорад.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур дод, ки ба мардум барои дастрас намудани тухмии хушсифати зироатҳо кӯмак расонанд то аз ин ҳисоб ҳосилнокӣ афзун карда шавад.                 Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии дехконии "Бахт" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони мардуми ноҳияи "Зафаробод" мулоқот намуда, сӯҳбати озоду ошкоро орост ва ба саволхои сершумори онҳо посух дод.Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ба ноҳияи Зафаробод то охири сол 20 адад тракторҳои нав дода шавад.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоии ноҳия 2 млн сомонӣ имсол ва 2 млн -и дигар соли оянда маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешавад.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 25, 2009 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид