САФАРИ ҲУНАРӢ БАРПО НАШУД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо сабаби боронҳои пай дар пай ва омадани сел ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сафари ҳунарии ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ барпо нагардид. Тибқи нақшаи сафар, онҳо мебоист 1 июн дар Рӯзи байналмилалии муҳофизати бачагон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар карда, дар давоми 10 рӯз дар ҳамаи театрҳои ноҳияҳои вилоят асарҳои саҳнавиро пешкаши тамошобинон мегардонданд. Ҳунарпешагон ният доштанд, ки ба тамошобинони хатлонӣ асари саҳнавии «Офати нафс»-и драмнависон А. Хоҷаев ва Н. Ҷарронӣ пешниҳод намоянд. Дар ин бора аз маъмурияти театри ба номи А. Лоҳутӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






