ТОҶИКОН ДАР ХОРИҶИ КИШВАР БА ЗАБОНИ МОДАРӢ СОҲИБМАЪЛУМОТ МЕГАРДАНД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Комиссари олии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо оид ба корҳои миллӣ Кнут Воллебек дар вохӯрӣ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳуқуқҳои халқият ва миллатҳои майдаи дар Тоҷикистон зиндагидошта иброз намуд, ки Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳуқуқҳои тоҷикони дар хориҷи кишвар бударо ҳаматарафа ҳифз менамояд. Ба тоҷикон ҳуқуқи ба забони модарӣ гирифтани маълумот дар хориҷи кишвар таъмин карда мешавад.Тоҷикон ҳамчунин барои рушди маданият ва чопи китобҳо ба забони модарӣ аз ҷониби ин созмон дастгирӣ меёбанд. Комиcсари олии САҲА ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақалиятҳои миллӣ омӯзиши забони тоҷикиро тавассути тренингҳо оғоз мекунад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






