ЗАРИФ АЛИЗОДА: «ТАҶРИБАИ МИЛЛИРО ИСТИФОДА МЕКУНЕМ»

Июнь 3, 2009 09:51

               Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Самти оғози фаъолияти ман дар мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа нигаронида мешавад», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода.                 Зариф Ализода иброз дошт, ки алҳол ба масъалаҳои ташкилӣ ва сохтории ин идораи нав машғул аст. Фаъолияти сохтори нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимояи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронида шуда, дар он ҳудуди 20 нафар мутахассисони дорои таҷрибаи пешқадами бахши ҳуқуқ, идораи давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд. Ин идора мустақил буда, ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар масъул аст. Хусусан фаъолияти ин идораи нав бештар ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳо, маҳбусон, ва масъалаҳои гендерӣ нигаронида шудааст. Дар ин идораи нав шикояти шаҳрвандон оид ба вазъи ҳуқуқашон баррасӣ шуда, дар натиҷаи санҷиш нисбати он хулосаҳои даркорӣ бароварда мешавад.                Ҳамкории самарабахши ин идора бо сохторҳои гуногуни ҷомеа, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалие, ки фаъолияти худро дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон нигаронидаанд ва воситаҳои ахбори омма яке аз самтҳои асосии фаъолияташ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, идораи мазкур дар мавриди гузаронидани мониторинг оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши босазо мегузорад.                Зимни посух ба саволе, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст, нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода гуфт, ки назар ба солҳои қаблӣ ва дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҳтар гардидааст. Зеро мардум бештар ташаббускор гардидаанд ва дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми худро мегузоранд.                 Ҳамзамон, Зариф Ализода изҳор дошт, ки дар оянда сохтори нав нашрияи худро чоп менамояд. Нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар фаъолияти кориаш дар ин мансаби пуршарафу масъулиятнок бештар таҷрибаи миллии кишварамон — шароиту имкониятҳои дохилӣ, заковат ва ҷаҳонбинии мардумро истифода менамояд.                 Бояд тазаккур дод, ки масъалаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардида буд ва дар ин бораи Қонун дар соли 2008 аз ҷониби парлумон қабул гардид. 27 май дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Зариф Ализода нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Июнь 3, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад