ҚОЧОҚЧИЁНИ ТОҶИК ДАР КИШВАРИ ПРИМОРЙЕ ДАСТГИР ШУДАНД
Приморие, 21 июл. (АМИТ «Ховар» — Лента.Ру). — Кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи кишвари Приморйе ба қарибӣ гурӯҳи қочоқчиёни маводи нашъадорро дастгир намуданд, ки 10,6 килограмм моддаи нашъадори героинро дар мошинаи ҷомашӯӣ ва зарфҳои пластикӣ ҷой карда, ба Владивосток бурдан мехостанд. Қайд карда мешавад, ки ин қадар маводи нашъадор дар кишвари Приморйе дар давоми даҳ соли охир бори аввал мусодира карда шуд. Аз рӯи маълумоти раёсати хадамоти федералии назорати маводи нашъадори кишвари Приморйе шаҳрвандони Тоҷикистон мехостанд маводи нашъадорро бо ду мошин аз Владивосток ба Находка баранд. Онҳо моддаи нашъадорро дар дохили мошини ҷомашӯӣ пинҳон карда буданд. Як қисми маводи нашъадор дар зарфҳои пластикии оби нӯшокӣ ҷой карда шуда буд. Тафтиш нишон дод, ки мошинаи ҷомашӯӣ маҳз барои бурдани маводи нашъадор ба кишвари Приморйе як рӯз пеш аз дастгир шудани қочоқчиён харида шудааст. Қочоқчиён дар роҳи мошингарди Угловое — Находка дастгир шуданд. Онҳо дар давоми амалиёти дастгир шуданашон ба кормандони милиса муқобилат нишон дода, мехостанд аз ҷои воқеа ғайб зананд. Тахмин карда мешавад, ки маводи нашъадор ба кишвари Приморйе ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан оварда шудааст. Ба қавли коршиносон маводи нашъадори мусодирашуда истеҳсоли Афғонистон мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






