ҚОРИЁНИ ТОҶИК ДАР БАЙНИ 40 ДАВЛАТ ИСТЕЪДОДИ ХУДРО НИШОН МЕДИҲАНД
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-26 -умин мусобиқоти байналмилалии қироати Қуръони азимушшаън 20- уми июл дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон оғоз гардид. Масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода гуфт, ки ҳадаф аз ташкили мусобиқоти қироати Қуръони карим рушд ва тавсиаи маорифи қуръонӣ, эҷоди фазои солим барои донишмандони бахши Қуръон ва тарғиби фарҳангу маърифати қуръонист. А. Ороста афзуд, ки дар мусобиқот аз 40 кишвари мусулмонӣ беҳтарин қориёни Қуръон ширкат намуда, дар бахши қироат ва ҳифзи Китоби осмонӣ истеъдоди худро нишон медиҳанд. Синну соли қориёни озмуни қироати Қуръон аз 18 то 40 аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти байналмилалии маърифатӣ Азаматуллоҳи Сиратуллоҳи 21 сола аз шаҳри Душанбе ва Қудратуллои Додарбек аз шаҳри Ваҳдат, ки 19 сол дорад, намояндагӣ менамоянд. Мусобиқот тӯли як ҳафта идома ёфта, беҳтарин қориёни Қуръони маҷид бо ҷоизаҳои таъсиснамудаи масъулини он сарфароз мегарданд. Назар ба иттилои корманди масъули Маркази исломии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Неъматулло Олимов тӯли солҳои охир намояндагони Тоҷикистон дар чандин мусобиқоти байналмилалии қироат ва ҳифзи Қуръони маҷид ширкат намуда, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Мавсуф афзуд, ки мисоли равшани гуфтаҳо ғолиби зинаи аввали озмуни қироати Қуръон гардидани Сиратуллоҳи Абдулхолиқ аст. С. Абдулхолиқ дар мусобиқоти қироати Қуръон, ки 20-21 июн дар пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Маскав доир гардид, дар байни намояндагони 28 давлати дунё зинаи аввали мусобиқаро касб намуда, обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро баланд бардошт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






