ҲАЙАТИ НАВИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН
Душанбе, 6 июля. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Тавре хабар дода шуда буд 3 июл дар ш. Душанбе Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамон рӯз инчунин пленуми Иттифоқи нависандагон барпо гашт. Дар пленум роҳбарияти нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳайати 58 нафар интихоб шуд. Маъмурияти иттифоқ дар ҳайати пештарааш боқӣ монд. Дар анҷуман дар натиҷаи овоздиҳии иштирокчиёни он Меҳмон Бахтӣ боз раиси иттифоқ интихоб шуд. Дар пленуми Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов- муовини аввал ва Камол Насрулло -муовини раиси иттифоқ интихоб гардиданд. Ҳамон рӯз пленум баргузор гардид. Дар он раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ дар бораи вазъияти имрӯзаи адабиёти тоҷик маърӯза кард. Дар пленум ба фаъолияти Иттифоқи нависандагон баҳои қаноатбахш дода шуд. Инчунин сухан дар бораи баъзе проблемаҳои имрӯзаи адабиёти тоҷик рафт. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки асарҳои адибони тоҷик ба забони русӣ ва забони халқҳои дигар хеле кам тарҷума мешаванд. Ҳол он ки тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони халқҳои дигар сабаби бештар шӯҳрат ёфтани адабиёти тоҷик гашта метавонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






