ҲАЛОКАТИ ЖУРНАЛИСТИ ҚИРҒИЗ
Бишкек, 14 июл. (АМИТ «Ховар» Лента.Ру). — Дар вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ журналисти мустақил Алмаз Тошиев вафот кард. Ӯ 33 сола буда, бо баъзе рӯзномаҳои мухолифи ҳукумат ҳамкорӣ дошт. Тошиев дар шӯъбаи бемориҳои вазнини шифохонаи шаҳри Ӯш баъди ҷарроҳии 10 июл гузаронидашуда, аз дунё чашм пӯшид. Худи А. Тошиев дар шифохона пеш аз оғози ҷарроҳӣ ба ҳамкасбонаш нақл кард, ки ӯро кормандони милиса 4 июл дар деҳаи Ҷонибозори ноҳияи Навкат сахт лату кӯб карда буданд. Прокуратураи ноҳия аз рӯи воқеаи латукӯб карда шудани Алмаз Тошиев ва марги ӯ парвандаи ҷиноӣ кушод. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар давоми 2 соли охир дар Қирғизистон ду журналисти мустақил ба ҳалокат расид. Моҳи октябри соли 2007 дар вилояти Ӯш журналист Алишер Соҳибов ҳадафи ҳуҷум қарор гирифта буд. Шахсони номаълум ба дил ва сари журналист се маротиба тир холӣ карда буданд. Тарҷумон — Қудратов








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






