ҲОСИЛИ ИМСОЛА ДИЛПУРКУНАНДА АСТ
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 1уми июли соли ҷорӣ дар ҳамаи сохтори хоҷагиҳо 325 ҳазору 676 тонна ғалла, 117 ҳазору 394 тонна картошка, 151 ҳазору 923 тонна сабзавот, 57 ҳазору 648 тонна полезӣ, 30 ҳазору 851 тонна мева ва 932 тонна ангур истеҳсол карда шудааст. Ба гуфти сардори Раёсати растанипарварӣ Саймурод Баҳриддинов, истеҳсоли ғалла нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37, 7 фоиз, картошка — 31,4, сабзавот — 19,1, полизӣ — 38, мева 11,9 ва ангур — 2,8 фоиз бештар мебошад. Мардум аз ҳосили имсола умед доранд, ки барои 2 соли ояндаашон маҳсулотро захира намоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






