АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН БО ОБИ ТОЗА ТАЪМИН МЕШАВАД
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз дар Маркази матбуоти созмони «Иттилоот ва муошират» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти Кирхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилу коммуналии» мамлакат нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотӣ таҳти раёсати директори генералии корхонаи мазкур Раҳмат Бобокалонов гузашт. Р. Бобокалонов зикр намуд, ки дар давоми 6 моҳи гузашта ба пешрафти соҳаи манзилу коммуналӣ диққати махсус дода шуд. Қайд карда шуд, ки дар доираи барномаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2007-2010 бояд сокинони ноҳияҳои дурдаст ва душворгузари ҷумҳурӣ тӯли солҳои оянда бо оби тоза таъмин карда шаванд. Р. Бобокалонов фаъолияти хуби хоҷагиҳои манзилу коммуналии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷомӣ, Восеъ, Хоруғ, Дарвоз, Рӯшон, Исфара, Қайроққум ва Табошарро таъкид намуда, гуфт ки дар ин ноҳияҳо ба ободонӣ ва сабзу хуррам гардондани кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои маскунӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Корхонаҳои соҳа дар давоми 6 моҳи гузашта ба маблағи 4 миллиону 891 ҳазор сомонӣ ниҳол шинонда ва гул коридаанд. Дар ин давра нақшаи тармими роҳҳо 124 % иҷро карда аз маҳаллаҳои истиқоматӣ 175 ҳазор метри мукааб ахлот бароварда шуд. Р. Бобокалонов афзуд, ки мутахассисони соҳа барномаи бо оби тоза таъмин намудани шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистонро тартиб доданд. Барномаи мазкур бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бо кӯмаки молиявии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо таҳия карда шуд. Иҷрои барнома охири ҳамин сол шурӯъ мегардад. Барои иҷрои он 6 миллиону 173 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷараёни иҷрои ҳамаи барномаҳо бомуваффақият давом дорад ва онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро карда мешаванд. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






