А. АШӮР: «ММД РӮ БА АФЗОИШ АСТ»

Июль 28, 2009 09:04

                   Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2009-ум 2,8 афзоиш ёфта, ҳаҷми номиналии он 7826,6 миллион сомониро ташкил дод. ММД дар ин давра ба ҳар як сари аҳолӣ ба 1050 сомонӣ баробар мебошад. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 27 июл, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр ба хабарнигорон иттилоъ дод.                    Ӯ афзуд, ки рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — 114,7 фоиз, гардиши савдои чакана — 113,9 фоиз ва аз ҳисоби афзоиши хизматрасонии нақлиёт оид ба боркашонӣ ва мусофиркашонӣ 104 фоиз ба амал омад.                   «Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пастшавии соҳаи саноат 1,3 пункти фоизӣ, кишоварзӣ 2,6 пункти фоизӣ ва сохтмон 0,5 пункти фоизӣ мушоҳида мегардад, ки дар маҷмӯъ аз кам гардидани ҳиссаи истеҳсоли молҳо — 4,4 пункти фоизӣ ва зиёд гардидани ҳиссаи хизматрасониҳо — 8 пункти фоизӣ шаҳодат медиҳад», — идома дод А. Ашӯр.                    Мавриди зикр аст, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ индекси миёнаи нархи молҳои озуқаворӣ нисбат ба моҳи декабри соли гузашта 2,1 фоиз, нархи молҳои ғайри озуқа 2,4 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ ба андозаи 7,3 фоиз зиёд шудаанд.

Июль 28, 2009 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!