АМАЛИ НОҶОЙИ ОМӮЗГОР- ПОДОШИ CАЗОВОР
Душанбе, 9 июл. (АМИТ "Ховар", Анварбек Сиддиқов).- Дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидан орзуи ҳар як ҷавон мебошад. Вале мутаассифона на ҳар як довталаб ин орзуи худро амалӣ карда метавонад, зеро ки ҳоло ҳам дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки садди роҳи онҳо гардида, даст ба порахурӣ зада, шаъну шарафи омӯзгорро паст мезананд. Баъзе аз кормандони масъули Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аз зумраи ин қабил ашхосанд. 13 июни соли 2009 аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд нисбати аъзои комиссияи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба қабули имтиҳоноти соли хониши 2008-2009 Фузайлов Абдулазиз Авезбоевич, ки айни замон дар вазифаи директори ҳамин коллеҷ фаъолият менамояд, бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуд. Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ "Ховар" хабар доданд, тафтишоти пешакӣ муқаррар намуд, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод шаҳрванд А. бо мақсади дохил намудани фарзандаш ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷатҳои шахсиашро ба комисияи қабул супоридааст. Номбурда ба воситаи шиносаш шаҳрванд М. бо аъзои комиссияи қабули имтиҳонот Фузайлов шинос гашта, барои дохилшавии духтараш ӯро илтимос мекунад. Фузайлов бо сӯистифода аз мансаби хизматӣ бо мақсади гирифтани пора барои ба сафи донишҷӯёни Коллеҷи мазкур дохил намудан аз ӯ 1000 долари амрикоӣ талаб карда мегирад.Ба ҳамин монанд Фузайлов такроран кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода аз шаҳванд Қ. барои дохил намудани фарзандаш ва ҷиянаш 1200 доллари дигарро ба сифати пора гирифтааст. Ҳамин тариқ ӯ аз беҷазо мондани худ истифода бурда ба таври мунтазам ба гирифтани пора даст зада, дар алоҳидагӣ зиёда аз 10 нафар довталаб аз 500 то 1000 доллари америкоӣ гирифтааст, ки ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ бо далелҳои ҷамъовардашуда тасдиқи худро ёфтаанд. Тафтиш муайян намуд, ки довталабони дар боло қайд шуда, дар асл ба Коллеҷи тиббӣ дохил нашуда, то ба имрӯз гуё донишҷӯ мебошанд, ному насаби онҳо ба ҳайати гурӯҳҳо дохил карда шуда ба номи онҳо шаҳодатномаи донишҷӯӣ дода шудааст. Бо чунин амал ҳамаи довталабон ва волидони онҳоро А. Фузайлов бовар кунонидааст, ки онҳо донишҷӯ мебошанд. Номбурдагон то ба имрӯз оиди надоштани фармони дохилшавӣ ба Коллеҷи тиббии мазкур хабар надоранд. Тафтиши пешакӣ аз рӯйи ин парвандаи ҷиноӣ идома дошта дигар ҳолатҳои содиркардаи Абдуазиз Фузайлов муайян карда мешаванд. Албатта дар мактабҳои олӣ ва касбиву техникӣ чунин амалу рафторҳои номатлуб ҷой доранд, ки шахсони тасодуфии сатҳи донишашон паст бо ҳар роҳу восита дохил мешаванду дар оянда мутахасисиони соҳибкасб ба даст оварда наметавонем. Сари ин амал андеша бояд кард.








Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд






