«АМОНАТБОНК» ДАР ХИЗМАТИ НАФАҚАХӮРОН
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 4-уми феврали соли 2002 ба Бонки давлатии амонатгузории ҷумҳурӣ «Амонатбонк» барои хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ба андозаи 1 фоиз аз ҳисоби маблағҳои пардохти нафақа ба истиснои хароҷоти дафнпулӣ, ҳамчун ҷуброни хароҷот гузаронида мешавад. Дар давоми соли ҷорӣ танҳо дар семоҳаи аввал ба Бонки давлатии амонатгузорӣ дар асоси санадҳои муқоисавии воқеан пардохташудаи нафақа 841,8 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда шудааст. Ҳамчунин ба федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 561 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






