АНДОЗ АЗ ДАРОМАДИ АСЛӢ СИТОНИДА МЕШАВАД
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 30 июни соли ҷорӣ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи қоидаҳои татбиқи чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ» тасдиқ гардид. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани даромади ҳақиқии андозсупорандагон таҳия гаштааст. Муовини сардори раёсати ташкили назорати андози Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аимралӣ Мирзоев ҳадаф ва ҷараёни татбиқи қарори мазкурро шарҳ дода, зикр намуд, ки ин қарор барои дар амал татбиқ намудани талаботи моддаи 44 Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозсупорӣ таҳия шудааст. Дар чунин ҳолат, тибқи қисми 2 моддаи 84 Кодекси андоз мақомоти андоз ҳуқуқ дорад маблағи ӯҳдадории андозсупорандаро дар асоси ҳамагуна маълумоти дастрас ҳисоб кунад. Қобили қайд аст, ки усулҳои дар Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи қоидаҳои татбиқи чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ» пешбинишуда дар таҷрибаи мақомоти андози давлатҳои Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо истифода мешаванд. Чораҳои мубориза зидди саркашӣ аз андозбандӣ тибқи қарори мазкур дар ҳолатҳои аз тарафи андозсупоранда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дар ҳолати надоштан, сӯхтан ва гум кардани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ татбиқ карда мешаванд. «Агар дар мавриди гузаронидани санҷиши андоз андозсупоранда ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои аз назаргузаронии (тафтиши) бино ва ҳудуди истеҳсолӣ, анборҳо, биноҳои тиҷоратӣ, ки андозсупоранда барои ба даст овардани даромад ё вобаста ба нигоҳдории объекти андозбандӣ истифода мебарад, иҷозат надиҳад ва бо мақсади андозбандӣ баҳо додани амалиётҳое, ки дорои моҳияти иқтисодӣ нестанд, чораҳои мубориза зидди саркашӣ аз андозбандӣ амалӣ карда мешаван», — тазаккур дод А. Мирзоев. Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи қоидаҳои татбиқи чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ» ҷиҳати муайян намудани даромади ҳақиқии андозсупорандагон таҳия гаштааст, зеро таҳлилу санҷишҳо аз он шаҳодат медиҳанд, кн андозсупорандагон бо ҳар роҳ аз супоридани андозҳо саркашӣ намуда, даромади аслии худро пинҳон менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






