АШЁҲОИ ФАРҲАНГИИ РАБУДАШУДА МУСОДИРА ГАРДИД

Июль 8, 2009 16:16

          Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Мувофиқи ҳалномаи раиси суди ноҳияи Қумсангир Қ. Нуруллоев 10 адад ашёи фарҳангӣ иборат аз ороишоти занона ва сангҳои ороишӣ ба ихтиёри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. 7 июли соли равон кормандони Гумруки Панҷи Поён ашёҳои мазкурро ба вазорат супориданд. Бояд қайд намуд, ки онҳо аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулвоҳиди Ғуломҷон ҳангоми ба тарзи қочоқ аз сарҳади Тоҷикистон гузаронидан, мусодира карда шуд. Ҳамчунин, кормандони ин гумрук ва суди номбурда 762 китобҳои динӣ ва 35 адад дискҳоро бо сабтҳои динӣ, ки ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда буданд, ба Вазорати фарҳанг супориданд.          Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Июль 8, 2009 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!